Мактуби Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар бораи ба нафақа фиристодани кормандоне, ки синашон аз 63 боло аст, ба Академия илмҳо нарасидааст.
Дар ин бора Кароматулло Олимов, ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон имрӯз, 10-уми декабр зимни як нишасти матбуотие, ки дар Душанбе баргузор гардид, иброз дошт.
Номбурда гуфт, Академия илмҳо хусусияти худро доро мебошад, як қисми мутахассисони он ба воситаи интихобот, директорон бошанд тибқи низомномаи нав аз тарафи ҳукумат таъин мегарданд: “Аз ин рӯ ба академия дар бораи сину сол, яъне ба нафақа фиристодан ҳукумат супориш надодааст. Он супориш то ҷое мо иттилоъ дорем дар соҳаҳои хидмати давлатӣ амалӣ шуда истодааст”.
Як корманди ин академия, ки нахост номаш зикр шавад, иброз намуд, ки ин дастури ҳукумат набояд дар соҳаи маориф ва тиб, аз ҷумла Академияи илмҳо амалӣ шавад.
Зеро ба қавли ин масъули академия, агар ҳамаи духтурону кормандони ин соҳаҳоро ба нафақа гусел кунанд, Тоҷикистон ба бӯҳрони кадрӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Мунаввар Ахмедов, саркотиби Академияи илмҳо мегӯяд, тибқи қонуни Тоҷикистон дар бораи Академияи илмҳои ҶТ ва ойинномаи Академияи илмҳо ин ниҳод мақомоти олии илмӣ, худидоракунӣ дар кишвар мебошад ва он фармоише, ки бо имзои роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ба тамоми вазорату идораҳо рафтааст, бештар ба роҳбарияти мақомотҳои давлатӣ дахл дорад.
Мавриди зикр аст, Дастгоҳи иҷроияи президент чанде қабл ба унвонии чанд вазорату идораҳои давлатии кишвар номае ирсол кард, ки тибқи он кормандони аз сини 63 сола боло бояд аз вазифа озод карда шаванд.
Мӯҳр