Масъулини Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯянд, беш аз 90 фоизи муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро мардҳо ташкил медиҳанд.
Абдуллоҳи Қодирӣ, сухангӯи ин хадамот ба Озодагон иттилоъ дод, ки асосан бештари муҳоҷирони кишвар дар Русия мебошанд, ки тибқи таҳлилҳо шумораи онҳо дар ин кишвар ба 84 фоиз расидааст.
Номбурда мегӯяд, боқимонда ба Украина, Қазоқистон ва дигар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил мераванд.
Бояд зикр намуд, Русия яке аз кишварҳои асосии қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатии кишвар буда, ҳудуди беш 1 миллион муҳоҷири меҳнатии тоҷик дар ин кишвар кору фаъолият менамоянд.
Мӯҳр