Ба қавли Гулмадов, баъди аз по афтидан кормандони милиса ӯро ба мошинашон ба беморхона мебаранд. Гулмадов аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки то ҳол касе аз масъулин ба воқеаъи ба сари ӯ омада таваҷҷӯҳ накардаанд. Ӯ мегӯяд, акнун кӣ ҷуброни зарари ҷисмонию иқтисодии ба сари ӯ омадаро мепардохта бошад? Гулмадов афзуд, бигузор кормандони мақомоти интизомӣ, ки ба ӯ зарар расонидаанду хонааш хароб гардидааст, баробари ҷавонони мухлиси футбол ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Маврид ба тазаккур аст, ки аз ҳодисаи рухдода модари Карим Гулмадов низ тарсида, ҳоло вазъи саломатиаш нохуб аст.
Ёдрас менамоем, пас аз бозии футбол дар рӯзи 14-уми июни соли равон, ки миёни тимҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Истиқлол»-и Душанбе сурат гирифт, дар шаҳри Кӯлоб бетартибӣ сар зада, бойиси бархӯрди мухлисон ва мақомоти интизомӣ гардид. Тафтишоти қазияи мазкур алъон идома дорад.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |