Охири моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Волгогради Русия мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи карате-до (намуди шотокам) сурат пазируфт.
Тавре Муродалӣ Тешаев, сухангӯӣ КМО-и Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ дод, дар ин сабқат варзишгарони тоҷик низ ширкат карда, соҳиби 14 медал гардиданд: «Онҳо дар вазнҳои мухталиф баромад карда, 6 медали тилло, 6 нуқра ва 2 биринҷӣ гирифтанд».
Манбаъ афзуд, дар мусобиқаи мазкур варзишгарони 10 кишвар ҳунарнамоӣ карда, теъдоди умумии онҳо беш аз 150 нафарро дар бар мегирифт. Аз Тоҷикистон инҳо барандагони медалҳои тиллоӣ маҳсуб мегарданд: Азизҷон Худойбердиев дар вазни 35 кг, Илҳом Мирпочоев дар вазни 55 кг, Далер Баротов дар вазни 67 кг ва Дилшод Аҳмадов дар вазни 75 кг. Аз миёни варзишгардухтарон бошад, ду нафар: Назира Нозимова дар вазни 54 кг ва Мавлуда Тӯраева дар вазни 67 кг соҳиби медали тилло гардиданд.
Мӯҳр