Дар ин бора Шӯрои мудофиаи ҷумҳурии Қирғизистон иттилоъ медиҳад.
Ниҳоди мазкур ахиран бо пахши як баёния дар мавриди танишҳо дар минтақаи марзии Қирғизистон ва Ӯзбакистон авзоъро ба таҳлил кашидааст. Дар ин баёния "сӯитафоҳум ва ҳамоҳанг нашудани фаъолияти марзбонони ду кишвар" сабаби низоъ миёни марзбонони қирғиз ва сокинони деҳаи Ҳушёрии минтақаи Сух дар Ӯзбакистон унвон гардидааст.
Дар изҳорот аз ҷумла омадааст, ки марзбонони қирғиз дар ин минтақа машғули бунёди хати интиқоли барқ буданд, вале "мушаххас набудани хати марз ва ҳамоҳанг нашудани кори марзбонон миёни тарафҳо, сабабгори норозигии сокинони деҳаи Ҳушёрӣ шудааст».
Дар идома Шӯрои мудофиаи Қирғизистон менависад, "рафтори хушунатомез" ва "истифода аз зӯр" аз сӯйи марзбонони ӯзбак ва ҳамла ба гузаргоҳи марзӣ, низомиёни қирғизро "маҷбур кард, то ба ҳаво тир андозанд».
Баёния таъйид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 20 сокини Қирғизистон ба сурати ғайрирасмӣ дар қаламрави Сух дар боздошт қарор доранд. Таъкид шудааст, ки ҷониби Узбакистон амнияти онҳоро замонат додааст.
Ба иттилоъи ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир, гузаргоҳҳои марзии минтақаи Сух муваққатан баста шуданд. Қаблан гузориш шуда буд, ки ҳудуди 40 нафар аз шаҳрвандони Қирғизистон дар ҷараёни даргириҳо дар минтақаи Сух гаравгон гирифта шуда ва 14 нафари онҳо, ки асосан занон ва кӯдакон будаанд, дар пайи музокираи тарафҳо озод шуданд.
Мӯҳр