Вазири маорифи Тоҷикистон мегӯяд, ҷонибдори гузаштан ба хати форсӣ нест.
Номбурда ин нуктаро зимни як нишасти матбуотие, ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид, иброз дошт ва илова кард, ки дар ҳамин марҳилае, ки ҷомеаи Тоҷикистон айни ҳол қарор доранд, гузаштан ба хати форсӣ, ин сар то сар мушкили эҷод кардан мебошад.
Вазири маориф иброз доштааст, ки Тоҷикистон як бор не, ду-се маротиба ин марҳиларо санҷида баромадааст: «Мо медонем, ки ин чи маъно дорад ва як бори дигар бесавод кардани мардуми мо, як бори дигар эксприменти таърихие, ки 3 бор гузаронида шуд. Ин бори чаҳорум мебошад, камоли беэҳтиётӣ нисбати мардум мебошад».
Саидов таъкид кард, ки гузаштаро ҳатман омӯхтан ва дар хотир гирифтан лозим, чунки ин хотираи инсон мебошад, шахсе, ки гузаштаро намеомӯзад ва хотира надорад манқур мебошад.
Вазири маориф мегӯяд, ӯ тарафдори он ҳаст, ки дар мактабҳо «Алифбои ниёгон» ҷиддӣ тадрис карда шаваду ҳар як зиёии тоҷик хати форсӣ-араби асосро донад ва таҳқиқоти илмӣ барад: « Лекин аз ҷиҳати иқтисодӣ дар ҷомеаи мо гузаштан ба хати форсӣ ба манфиати мо намебошад».
Мӯҳр