Шӯрои адлияи Тоҷикистон омори дақиқ дар мавриди кам ва ё зиёд шудани шиканҷаро дар миқиёси ҷумҳурӣ надорад.
Зафар Азизов, раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон имрӯз, 7-уми январ зимни нишасти матбуотии шӯрои мазкур иброз дошт, ки шиканҷа таҳти назорат ва омӯзиш қарор дорад ва мутаасифона чунин амали номатлуб дар дигар кишварҳо низ вуҷуд дорад.
Номбурда илова намуд, ки соли гузашта вобаста ба шиканҷа ду парвандаи ҷиноятӣ ба шӯро ворид гардидааст, ки ки дар солҳои қаблӣ низ парвандаҳо роҷеъ ба шиканҷа ба назар мерасид ва дар сурати тасдиқ ва ё инкор шуданашон ҷазо пешбинӣ мегардид.
Раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон таъкид кард, ки дар кишвар шиканҷа ҷой дорад ва тамоми мақомотҳои вобста ба ин кор сари ин масъала фаъолият доранд.
Зафар Азизов мегӯяд, пешниҳоди маълумот вобаста ба афзоиш ва ё коҳиш ёфтани шиканҷа имкон дорад ва тибқи таҳлил ва корҳое, ки феълан дар ин маврид идома доранд, ояндаи наздик муайян хоҳад шуд.
Мӯҳр