Дар доираи марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми АФК-2013 рақобати дастаи «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Ал-Рамта»-и Урдунро аз гурӯҳи «D» ҳайати доварон аз Ӯзбакистон доварӣ мекунанд.
Тавре сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар сабқати пешорӯ, довари марказии майдон Владислав Тсейтлин ва ёваронаш Ҷаҳонгир Саидов бо Ҳусниддин Шодмонов таъин гардидаанд. Довари эҳтиётии майдон Азиз Осимов муайян шудааст. Комиссари бозӣ бошад Муҳаммадризо Касраӣ аз Эрон мебошад.
Ба иттилои манбаъ, Владислав Тсейтлин соли 2009 вохӯрии дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 солаи Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар доираи мусобиқоти Осиё дар Непал доварӣ кардааст, ки ҳисоби бозӣ 4 бар 0 ба фоидаи футболбозони тоҷик хотима ёфта буд.
Бояд гуфт, бар асоси қуръакашӣ, қаҳрамони Тоҷикистон дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар гурӯҳи «D» бо «Ал-Кадисия»-и Кувайт, «Ал-Рамта»-и Урдун ва «Ал-Шорта»-и Сурия бозӣ мекунад. Барандаи медали биринҷӣ дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бошад, сабқатро аз даври интихобӣ ё плей-офф, 16-уми феврал бо яке аз дастаҳои ғолиб «Ал-Ваҳда»-и Сурия ё «Ал-Аҳлӣ Таиз»-и Яман шурӯъ мекунад. Даври плей-офф аз як бозӣ иборат аст. Дар ҳоли баромадани «РегарТадАЗ» аз бозии интихобӣ футболбозони кишвар дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АФК бо дастаҳои «Сафо»-и Лубнон, «Ал-Кувайт»-и Кувейт ва «Риффа»-и Баҳрайн дар гурӯҳи «А» вориди майдон мешаванд.
Ёдрас мешавем, вохӯрии дастаи «Равшан» ва «Ал-Рамта» 6-уми марти соли равон дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, ки дорои 25 ҳазор ҷои нишаст аст, баргузор хоҳад шуд. Дар бозиҳои даври гурӯҳии Ҷоми АФК-2013 ҳар даста 6 маротиба-3 вохӯрӣ дар майдони худ ва 3 бозии дигарро дар сафар анҷом медиҳанд.
Мӯҳр