Новобаста аз сардии ҳаво ва ба Ватан баргаштани қисми зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ, имрӯзҳо дар вилояти Суғд сафарбаркунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Русия идома дорад.
Ин нуктаро Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон зимни сӯҳбат ба Озодагон иброз дошта, илова намуд, ки сардори Раёсати хадамот дар вилояти Суғд Зайнура Шарифова ба онҳо гуфтааст, ин иқдомот дар ҳамкорӣ бо субъектҳои хоҷагидор амалӣ гардида истодааст.
Номбурда мегӯяд, давоми моҳҳои ноябр-декабр бо мусоидатиҶСШК «Нақлиёт»(Сарвараш Муҳсин Саидов) 30 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистон ба вилояти Хабаровск сафарбар гардиданд.
Гуфта мешавад, муҳоҷирони меҳнатӣ тариқи расмӣ, тибқи шартнома оид ба ҳамкории дуҷониба ба муддати як сол фиристода шуда, аз ҷониби кордиҳанда бо маблағи роҳкиро, ҷойи кору зист, либоси кориву хӯроки гарм таъмин карда мешаванд.
Манбаъ илова намуд, ки ҳамзамон барояшон баъзе имтиёзҳо муқаррар гардидааст: «Пеш аз сафари муҳоҷирон намояндагони раёсат бо онҳо сӯҳбат ороста, оид ба қоидаҳои будубош, касбомӯзию забономӯзӣ ва пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ мулоқот анҷом доданд. Раёсат минбаъд низ аз чунин имкониятҳои босамар истифода хоҳад бурд».
Сухангӯи Хадамоти муҳоҷират ёдовар шуд, ки аз 9 субъекти хоҷагидоре, ки дар вилояти Суғд фаъолият менамоянд, айни замон 3 субъекти хоҷагидор доир ба бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ машғул мебошанд.
Мӯҳр