Беназорат гузоштани асбобҳои барқӣ тайи ду рӯзи охир дар ду манзили истиқомати сӯхторро ба вуҷуд овард.
Тавре аз дафтари матбуотии Хадамоти оташнишонӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, 2-юми январи соли равон тахминан соати 18:20 дақиқа дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Тағоймурод Суюнови 63 сола, сокини маҳаллаи Энергетики шаҳри Норак, дар масоҳати 40-метри мураббаъ сӯхтор сар задааст. Дар натиҷа бинои истиқоматӣ ва ашёҳои хона сӯхта нобуд шудааст.
Гуфта мешавад, зарари расонидашуда 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Сабаби ба амал омадани сӯхтор риоя накардани қоидаҳои бехатарии зидди сӯхтор мебошад.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи гузашта низ як хонаи истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе оташ гирифтааст: “Рӯзи 3-юми январи соли равон тахминан соати 14:44 дақиқа дар кӯчаи Спартаки ноҳияи исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар хонаи шахсии истиқоматии шаҳрванд Латофат Шарипова, корманди қаҳвахонаи “Бистро” дар масоҳати 60 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст, ки дар натиҷа болопӯши хона ва молу ашёи як ҳуҷра ба хокистар табдил ёфтааст”.
Сабаби сар задани ин сӯхтор беназорат гузоштани асбоби гармидиҳандаи барқӣ мебошад.
Мӯҳр