Корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ҷумҳурӣ то санаи 20-уми июни соли равон 2349 тонна мева ҷамъоварӣ кардаанд.
Дар ин бора ба «Озодагон» аз маркази матбуот ва иттилооти вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд. Мувофиқи нақша соли ҷорӣ бояд 68 ҳазору 455 тона мева ва 34 ҳазору 550 тонна ангур ҷамоварӣ карда шавад. То санаи 20-уми июни соли ҷорӣ 2349 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст, ки 3% -и нақшаро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, ки дар вилояти Хатлон нақшаи истеҳсоли мева 18 ҳазор ва нақшаи истеҳсолии ангур бошад, 8900 тоннаро дар бар мегирад, ки то имрӯз 1361 тонна ҷамъоварӣ шудааст. Дар вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли мева 34 ҳазор ва ангур 19 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки то имрӯз 780 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст. {jathumbnail off}
Мӯҳр