Зубайдулло Зубайдов бо фармони президенти кишвар сафири Тоҷикистон дар Кувайт таъин гардид.
Сафорати Тоҷикистон дар он кишвар бо фармони Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуд.
Зубайдулло Зубайдов аз ин пеш масъулияти сафирии Тоҷикистон дар Покистонро бар уҳда дошт. Тибқи фармони президент ба ин симмат Шералӣ Ҷононов, собиқ сардори Раёсати шартномавӣ – ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷа таъин шуд.
Ҳамчунин, бо амру фармонҳои дигари Эмомалӣ Раҳмон Зоҳир Саидов, собиқ мушовири сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон, сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон, Рустам Раҳматов, собиқ раиси ноҳияи Айнӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Зафаробод ва Неъматулло Иноятов, собиқ сардори бахши харид ва мониторинги Гурӯҳи тадбиқи лоиҳаҳои сохтмонии иншооти гидроэнергетики назди президент, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Айнии вилояти Суғд таъин гардиданд.
Бо амрҳои райисҷумҳур Ҳомидҷон Боиров, собиқ раиси ноҳияи Зафаробод, мудири шӯъбаи сохтмон ва меъмории Дастгоҳи иҷроияи президент, Амирхоҷа Ғоибназаров, собиқ раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон, мудири шӯъбаи назорати Дастгоҳи иҷроияи президент, Қурбоналӣ Раҳмонов собиқ мушовири президент оид ба масъалаҳои илм ва технологияи муосир, мудири шӯъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи президент таъин карда шуданд.
Мӯҳр