Дар охири моҳи гузашта дар Алма-ато нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини тарзи озод миёни ҷавонон (барои поси хотири устоди варзиши Қазоқистон Кабден Байдосов) баргузор гардид.
Тавре Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи милли олимпии кишвар ба Озодагон иттилоъ дод, дар мусобиқаи мазкур паҳлавонон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбакисон, Русия ва Тоҷикистон дар ҳайати 350 нафар ширкат намуданд.
Ба гуфти манбаъ, чор паҳлавони тоҷик аз ҷумҳурии мо ба майдон баромаданд ва миёни онҳо Фирўз Ёқубов дар вазни 85 кило барандаи медали тилло гардид: “Фирӯз дар даври аввал озод ва баъдан варзишгари қирғизро мағлуб намуд ва ҳамчунин дар даври сеюм варзишгари мизбонро шикаст дод. Дар даври ниҳоӣ бар варзишгари қазоқистонӣ бо натиҷаи баланд дастболо гардида, барандаи зинаи ифтихорӣ шуд”.
Маврид ба ёдоварист, Фирӯз Ёқубов ҷоизадори чемпионати Осиё (Тайланд-2011) ва ғолиби чандкаратаи мусобиқаҳои Тоҷикистону кишварҳои ҳамсоя мебошад.
Мӯҳр