Қозидавлат Қоимдодов, Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус бо муовини вазири корҳои хориҷии он кишвар- Сергей Алейник масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ баррасӣ карданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКХ-и Тоҷикистон дар ин нишаст масоили марбут ба ҳамкориҳо дар доираи Созмони Ҳамкории Шонхой ва «Амалисозии Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об - 2013» муҳокима гардиданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо робитаҳои сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон ва Беларусро фаъолона дар чаҳорчӯбаи СММ, ИДМ, СААД, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё қаноатманд хонда, масъалаи ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина, ки марти соли равон дар Душанбе, дар назар аст, баргузор гардад, муҳокима карданд.
Дар анҷоми мулоқот сафир ба ҷониби Беларус ҷиҳати дастгирӣ намудани иқдоми Тоҷикистон дар СММ оид ба масъалаҳои об, аз ҷумла, барои розигии Беларус ба ҳайси ҳаммуаллифии лоиҳаи Қатъномаи «Амалисозии Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об - 2013» изҳори сипос намуд.
Мӯҳр