Сафорати ИМА дар Тоҷикистон кӯмаки навбатиашро ба касалхонаи бемориҳои сил ироа кард.
Дар робита, ба ин Кен Гросс сафири Амрико дар ҷумҳурӣ, муовини вазири тандурустӣ Соҳибназар Раҳмонов ва роҳбари созмони хайриявии «Авасто» Фирӯза Абдуллоева ба муштариёни беморхонаи ҷумҳуриявии табобати бемории сил дар доираи барномае, ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) маблағгузорӣ карда мешавад, 980 кг хӯрокаи хушки наску сабзавотро дастрас намуданд. Гуфтанист, Агентии мазкур дар ҳамкорӣ бо созмони ғайриҳукуматии «Авасто» ва созмони амрикоии "Resource and Policy Exchange, Inc.» (RPX) то имрӯз зиёда аз 37 тонна хӯроквории сервитамин барои зиёда аз 22000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дастрас кардааст.
Ҷаноби Гросс зимни маросими имрӯза аз ҷумла гуфт: «Касалии сил яке аз масъалаҳои муҳими тандурустӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Ғизои нокифоя бошад, яке аз омилҳои маъмули хавфи беморшавӣ бо касалии сил аст. Мусаллам аст, ки беҳтар кардани ғизо барои беҳтар намудани саломатии ин қабил беморон ва наҷот додани онҳо аз марги бемаҳал таъсири мусбии калон хоҳад расонд. Истеъмоли микдори зарурии микронутриентҳо дар намуди витаминҳо ва минералҳо масунияти сустшудаи беморони силро беҳтар мекунад. Барномаи «Озуқаворӣ баҳри сулҳ», ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ карда мешавад, дар Тоҷикистон то моҳи ноябри соли 2011 барои таъмин намудани амнияти озуқавории кӯдакони маъюб, беморони касалии сил ва дигар муштариёни муассисаҳои табобатӣ дар Тоҷикистон идома хоҳад ёфт.Тавассути ин ёрии башардӯстона, ки 93049 доллари ИМА арзиш дорад, ба беморони 77 муассисаи иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои махсусгардонидашудаи Тоҷикистон кӯмак расонида мешавад.
Маврид ба ёдоварист, лоиҳаи мазкур яке аз тарҳҳои сершумори ёрирасони Агентии Амрико оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) мебошад. Аз соли 1992 Сафорати ИМА дар Тоҷикистон тахминан 984 миллион долларро барои кӯмак ба рушди иқтисодиёт, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон пешниҳод намудааст.
Мӯҳр