Муҳаммади Парвин, мудири кулли байналмилалии Созмони мероси фарҳангӣ ва гардишгарии Эрон гуфтааст: пас аз сабти ҷаҳонии Наврӯз дар ЮНЕСКО ҳар сол яке аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз мизбони сарони кишварҳо барои барпоии ҷашни ҷаҳонӣ аст.
Ин ҷашн соли аввал ба мизбонии Эрон, соли дуюм ба мизбонии Тоҷикистон ва имсол низ ба унвони сеюмин сол дар Туркманистон баргузор мешавад. Вай дар бораи наҳваи интихоби кишвари мизбон барои ҷашни ҷаҳонии Наврӯз гуфт: сарони кишварҳо ҳар сол дар нишасте мизбони соли ояндаро мушаххас мекунанд, ки кишвари мизон бояд аз байни кишварҳое бошад, ки дар парвандаи сабти ҷаҳонии Наврӯз шарик ҳастанд.
Оқои Парвин гуфт: меҳварияти ҷашни ҷаҳонии Наврӯз бо Эрон аст, чун меҳвари ҷамъоварӣ ва сабти парвандаи ҷаҳонии Наврӯз бо Эрон будааст. Гуфта мешавад, ки ҷашни ҷаҳонии Наврӯз аз 2 то 5 фарвардини соли 1392 (22 то 25 марти соли 2013) дар Ишқобод - пойтахти Туркманистон бо ҳузури сарон ва мақомоти кишварҳои ҳавзаи Наврӯз баргузор мешавад.
Мӯҳр