Бақияи умумии қарзҳо вобаста ба рушди иқтисодиёт дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1-уми декабри соли гузашта нисбат ба ҳамин давраи соли 2011-ум 9,2 фоиз афзуд.
Аз Бонки миллӣ ба Озодагон хабар доданд, ки 2 миллиард сомонии қарзҳо бо пули миллӣ ва бештар аз 3,1 миллиард сомонӣ бо асъори хориҷӣ рост меоянд: «Дар маҷмӯъ 69,8 фоиз (қариб 3, 6 миллард сомонӣ)-ро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 30,2 фоиз (зиёдтар аз 1,5 миллард сомонӣ)-ро қарзҳои дарозмуддат ташкил намуданд».
Гуфта мешавад, фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкӣ дар ёздаҳ моҳи соли 2012 бо пули миллӣ ба 21,18% ва бо асъори хориҷӣ ба 24,71%-и солона баробар шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мувофиқан 1,55 банди фоизӣ паст ва 2,72 банди фоизӣ зиёд шуданд.
Қарзҳои хурди додашуда низ бо суръати бештар рӯ ба афзоиш ниҳода, нисбати нишондодҳои соли 2011-ум 31,3 фоиз зиёд гардиданд.
Мӯҳр