Бархе манобеи огоҳи сиёсӣ аз талошҳои Вашингтон ва ҳамоҳангии он бо тарафҳои арабӣ ба манзури иҷрои тағйирот дар тарҳи сулҳи арабии ироъа шуда тавассути Арабистон дар соли 2002 хабар доданд
Ба гузориши хабргузории Форс, ҳафтаномаи фаластинии Ал-манор навишт, ки Амрико бо бархе тарафҳои арабӣ дар хусуси зарурати бознигарӣ ва эҷоди тағйирот дар тарҳи сулҳи арабӣ, ки дар шароите мутафовит аз шароити кунунӣ дар соли 2002 тадвин шуда аст, ҳамақида аст.
Ба навиштаи Ал-манор, Амрико ва кишварҳои арабӣ ба дунболи он ҳастанд, ки тағйироти матлубе ба нафъи Исроил дар тарҳи сулҳи арабӣ эҷод кунанд
Дар ҳамин росто бархе манобии огоҳ гуфтанд, ки бознигарии муҷаддади тарҳи арабӣ, ин заминаро фароҳам мекунад, ки Исроил ин тарҳро бори дигар маврди мутолиа қарор диҳад ва сипас мавзеи ниҳоии худро эълон намояд
Бар асоси ин гузориш ин таҳаррукот бо ҳимояти Амрико дар бисёре аз кишварҳои арабӣ бо ҳадафи тадвини муҷаддади сулҳи арабӣ анҷом мегирад ва дар ин росто иттиҳодияи араб барои касби тарфадории кишварҳои арабӣ маъмур аст. Зеро аз дидгоҳи Вашингтон фурсати тадвини як тарҳи миёнарави тамоюли арабҳоро барои поён додан ба даргирие, ки аз солҳои тулонӣ бо Исроил дар ҷараён аст, нишон медиҳад ва ин фурсат низ дар сояи тағйир ва таҳаввулоти минтақа фурсате бисёр хубе хоҳад буд.
.
Мӯҳр