Маросими асосии истиқболи соли нави мелодӣ дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Шафқат Сайидов, сухангӯи мири пойтахт ба Озодагон дар ин бора иттилоъ дода афзуд, ин чорабинӣ бо оташбозии солинавӣ (фейерверг) анҷом хоҳад ёфт: «Имрӯз базми солинавӣ дар майдони Дустӣ бо иштироки ситораҳои тоҷик ду соат идома хоҳад кард. Дар анҷоми базм дар осмони пойтахт давоми 5 дақиқа оташбозии солинавӣ (фейрверг) сурат хоҳад гирифт.
Гуфтанист, саркоргардонии барномаи солинавиро дар Душанбе Убайдулло Раҷабов, ҳунарпеша ва таҳиягари маъруф ба зимма дорад ва дар базми соли навӣ беш аз 30 овозхон аз қабили Сироҷиддин Фозилов,Зикриаллоҳ Ҳакимов, Баха-84 ва дигарон ширкат хоҳанд дошт.
Мӯҳр