Аз Вазорати корҳои дихилӣ ба Озодагон иттилоъ доданд, ки Неъматулло Хуҷабекови 40 сола, сокини деҳаи Абдусамади шаҳри Панҷакент язнааш Алиқул Ахмедови 43 соларо бо корди хоҷагии дар дасташ буда 3 маротиба ба қафаси чапи синнаш задааст.
Гуфта мешавад, ин ҳодиса зимни як муноқиша миёни онҳо рух додааст.
Дар натиҷа шаҳрванд Алиқул Ахмедов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Бояд зикр намуд, Неъматулло Хуҷабеков қаблан бо моддаи 248-и кодекси ҷиноятии Тоҷикистон маҳкум шуда буд.
Мӯҳр