Эмомалӣ Раҳмон чанд қонунеро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонид.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур, қонунҳои ҶТ«Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера», Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи ҳуҷҷати электоронӣ», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Манбаъ афзуд, қонун «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки ахиран аз ҷониби райисҷумҳур имзо шуд, дар таҷрибаи қонунгузории кишвар маротибаи аввал қабул гардида, барои ошкор ва бартараф намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия равона шудааст.
Маврид ба тазаккур аст, ки қонунҳои зикргардида, рӯзҳои наздик дар рӯзномаҳои расмии Тоҷикистон нашр шуда, мавриди амал қарор мегиранд.
Мӯҳр