Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Истаравшан ноболиғи 11 сола ҷони худро аз даст дод.
Тавре аз ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, 27-уми декабр ронандаи автомашинаи «Опел-Астра» рақами давлатиаш ВА 97-64 РТ 02 Абдулҳаким Рӯзиеви 37 сола, сокини деҳаи Тошбеки ноҳияи Истаравшан аснои ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди деҳаи Ободии ҳамин ноҳия бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, Шариф Зиёбекови11 сола, сокини деҳаи Дӯстии ноҳияи Истаравшан, хонандаи синфи 4-и мактаби № 51-ро, ки аз тарафи рости роҳ мегузашт, пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
Мӯҳр