Владимир Путин қонуни манъи фарзандхониикӯдакони рус аз тарафи шаҳрвандони Амрикоро ба тасвиб расонид.
Ин қонунро аксуламал ба қонуни Магнитский арзёбӣ мекунанд, ки ахиран қонунгузорони ИМА ба тасвиб расонида буданд. Бар асоси қонуни Магнитский мансабдорони русе, ки дар марги ҳуқуқшинос Сергей Магнитский ва поймол намудани ҳуқуқи башар саҳм доранд, мавриди таҳрими ИМА қарор мегиранд. Ҳамкорони Магнитский мегӯянд, ӯ як идда мансабдорони Русияро бо фасод муттаҳам кард, вале ӯро ба зиндон андохта тавассути зарбу лат ва хунукназарии нозирони мабҳас ба ҳалокат расондаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ иброз доштаанд, ки қонуни манъи фарзандхонии амрикоиҳо ятимони Русияро аз имкони дарфёти ҳаёти беҳтар маҳрум мекунад. Қонун сар аз якуми январи соли 2013-ум ба ҳукми иҷро медарояд.
Мӯҳр