Дар натиҷаи нодуруст истифода бурдани шамъ дар як манзили истиқоматии ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон оташсузӣ ба амал омад.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, ин ҳодиса субҳи 27-уми декабри соли равон тахминан соати 04:00 дақиқа дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Азизхон Одинаеви 51 сола, сокини кӯчаи Фирдавсии ноҳияи Муъминобод рух додаст.
Гуфта мешавад, масоҳати сӯхтори мазкур 88 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи ин сӯхтор шаҳрванд Каримхон Одинаеви 19 сола, маъюби гурӯҳи 3 аз дуди ғализ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ мегӯяд, аз ҳисоби ин сӯхтор 20000 сомонӣ хисорот ба миён омадааст.
Мӯҳр