Дар ин бора ба Озодагон аз Палатаи Савдо ва саноати Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба қавли манбаъ, субҳи имрӯз, 26-уми декабр дар «Кохи Борбад»-и пойтахт таҳти унвони «Тоҷикистон-2012» намоишгоҳи маҳсулоти беш аз 70 ширкатҳои эронӣ оғоз ёфт. Намоишгоҳи байналмиллалӣ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ширкати эронии «Роҳи рушди Осиё» ва созмон дода шудааст.
Манбаъ афзуд, дар ин намоишгоҳ маҳсулоти беш аз 70 ширкатҳои эронӣ дар бахшҳои истеҳсоли маҳсулоти ҳурокворӣ ва масолеҳи кишоварзӣ, анвои шириниҳои эронӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маводи шустушӯӣ, атриёт, ороишоти заргарӣ, дастгоҳҳои барқӣ, лӯлаҳои пластикӣ ва ба сурати умум маҳсулоти саноатии Эрон пешкаши мардум шудааст.
Мӯҳр