Бахшҳо

Аз ҷавобгарӣ озод шудани яроқсупорон дар Хоруғ

Аз 25-уми июл то 20-уми декабри соли равон аз тарафи сокинони маҳаллаҳои Заводи нон, Хоруғи боло, «УПД»-и Хоруғ ва деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнон ҳамагӣ 325 адад яроқи оташфишон ва миқдори зиёди лавозимот ва дигар муҳимоти ҷангӣ ба таври ихтиёрӣ супорида шуд.

Бино ба иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз ин миқдор яроқҳои оташфишонӣ-105 ададро автоматҳои Калашникови гуногунтамға, 5 адад пулемёти Калашников, 1 адад ДШК, 7 адад аслиҳаи вазнин, аз ҷумла 1 адад миномёти қутраш 82 мм, 7 адад гулулапарто (гранатамёт), 3 адад милтиқи мерганӣ (снайперӣ), 118 адад таппончаҳои гуногун, аз ин 106 адад таппончаҳои тамғаи Макаров, 6 адад милтиқи суфтамили ИЖ, 43 адад милтиқи «Карабин», 31 адад милтиқи ТОЗ-8, , 22000 адад тирҳои гуногун, 159 адад снарядҳои гуногун, 3 адад минаҳо, 190 адад норинҷакҳо (гранатаҳо), 206 адад запал, 8 адад тротил, 229 адад ВОГ, 800 гр. тротил, 80 кг. моддаи худсози тарканда ва дигар муҳимоти ҷангиро ташкил медиҳанд.

Гуфта мешавад, супридани яроқҳо дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ-тафтишотӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ, амният ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо раисони маҳаллаҳо ва аҳолии шаҳри Хоруғ ба амал омадааст.

Роҷеъ ба ҳолатҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз ҷониби гурӯҳи тафтишотии Прокуратураи генералӣ дар якҷоягӣ бо парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳо ва воқеаҳои моҳҳои июл ва августи соли 2012 дар Хоруғ мавриди тафтиш қарор дода шуданд.

Ҳамчунин манбаъ илова намудааст, ки 21-уми декабри соли равон бо қарори роҳбари ин гурӯҳи тафтишотӣ ва розигии муовини якуми Прокурори генералии  Тоҷикистон тибқи  моддаи 195 КҶ  Тоҷикистон шахсоне, ки яроқҳои оташфишон ва лавозимоти ҷангиро ихтиёрӣ супурдаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шудаанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)