Нашрияи «Фараж» ба хонаводаи журналист Маҳмадюсуф Исмоилов 250 сомонӣ кӯмаки моддӣ ирсол кард.
Тавре ба «Озодагон» сардабири ин ҳафтанома Хуршеди Атовулло иттилоъ дод, «Фараж» ба даъвати НАНСМИТ барои кўмаки моддӣ ба аъзои оилаи журналисти боздоштшуда ҳамроҳ гардида, ба хонаводаи ӯ кӯмак расонид. Маблағро намояндаи нашрия дар вилояти Суғд ба ҳамсари Исмоилов- Гулсуной Маҳкамова супорид. Ҷаноби Атовулло афзуд, хабарнигори «Фараж» Раҳима Аъзамзода (Бобоева) низ аз ҳисоби шахсиаш ба маблағи 200 сомонӣ ба ин маърака ҳиссагузорӣ кард, ки ин маблағ тавассути намояндаи НАНСМИТ ба оилаи журналист расонида мешавад.
Гуфта мешавад, Ассотсиатсияи журналистии Медиа-Алянси Тоҷикистон (МАТ) ҳам барои саҳмгузорӣ дар ин кор айни замон дар садади ҷамъоварии маблағ аз аъзоёни созмон аст.
Ёдрас менамоем, Муҳаммадюсуф Исмоилов хабарнигори нашрияи «Нури Зиндагӣ» дар вилояти Суғд ба таҳқиру тавҳин ва барангехтани низоъи миллию мазҳабӣ дар ноҳияи Ашт муттаҳам шудааст. Номбурда ҳанӯз моҳи ноябри соли 2010 боздошт гардида, то ин замон дар боздоштгоҳи муваққатии вилояти Суғд ба сар мебарад.{jathumbnail off}
Мӯҳр