Бонки миллии Тоҷикистон барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта имрӯз, 25-уми декабр телефони боварии худро пешниҳоди мардум намуд.
Бино ба иттилои масъулини ин бонк, телефони боварӣ бо мақсади таҳлили ҳамаҷониба ва ҳалли фаврии мушкилотҳое, ки дар фаъолияти банкоматҳои ташкилотҳои қарзии мамлакат ба миён меоянд, роҳандозӣ гардидааст.
Манбаъ мегӯяд, ҳамчунин ҷиҳати ҳаллу фасли дигар масъалаҳои марбут ба истифодабарии картаҳои пластикӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон хадамоти телефони боварӣ
(+992 44) 600-15-20 ба кор шурӯъ намуд: «Акнун ҳар муштарӣ ва соҳибони қартаҳои пардохтӣ метавонанд дар мавриди камбудию нуқсонҳое, ки ҳангоми истифода бурдан аз хизматрасонии банкоматҳо рӯ ба рӯ шудаанд, бо рақами номбурда ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳанд».
Бояд зикр намуд, чанде қабл Ширкати «Барқи тоҷик» низ телефонҳои боварии худро барои шунидани мушкилоти истифодабарандагони барқ ва мушкилотҳои ҷойдошта дар самти риоя нашудани лимит пекаши мардум карда буд.
Мӯҳр