Як нафар сокини Исфара ҳамроҳашро, ки якҷо ба шикор рафта буданд, аз беэҳтиётӣ паррондааст.
Тавре аз Раёсати Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба Озодагон иттилоъ доданд, фоҷеаи мазкур рӯзи 22-уми декабри соли ҷорӣ тахминан соати 14.:30 дақиқа дар ҳудуди мамнӯъгоҳи ҷамоати деҳоти Ортиқови ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд ба вуқӯъ пайвастааст.
Манбаъ мегӯяд, сокини 53 солаи шаҳри исфара Н.Ҷ. бо истифода аз яроқи шикории шахсиаш тамғаи ИЖ, ҳангоми шикор кардан аз беэҳтиётиаш ногаҳон ба тахтапушти шахрванд Ҳ.С. сокини 27-солаи шахри Исфара, ки ҳарду якҷоя шикор мекарданд, паррондааст.
Дар натиҷа сокини 27-солаи шахри Исфара дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оиди ин ходиса чорахо барои огоз намудани парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 108 қисми 1 (Аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан)-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида шуда истодаст.
Мӯҳр