Иброҳими Ходим, як масъули Клиникаи тахассусии Тибби суннатии Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон гуфт, эҷод ва таҷаммуъи кишварҳои исломӣ сабаби эҳёи тибби суннатии исломӣ ва таомули бештари миллатҳои мусулмон мешавад.
Ба гузориши «Форс» ҷаноби Ходим ин матлабро дар Конфронси байналмилалии гардишгарии саломати кишварҳои исломӣ дар Машҳад гуфт ва афзуд, ки назариёти ҷаҳонӣ шудани иртиботот нуқтаи атфе дар ростои нигоҳ ба даромадзоӣ аз тариқи дигар ҳунар ва саноеъ шуд.
Номбурда бо ишора ба ҷойгоҳи арзишманди тибби синоӣ ё ҳамон тибби суннатии исломӣ дар канори илмҳои пешрафта иброз дошт, дар ҳоли ҳозир тибби суннатӣ бо эҳёи дубораи худ тавассути Вазорати беҳдошт ба унвони як риштаи донишгоҳӣ дар улуми пизишкӣ таъриф ва алоқамандон ва пазируфташудагон метавонанд ба шакли академӣ ин риштаро фаро гиранд ва иттиҳоди кишварҳои исломӣ дар ин замина сабаби рушди ин ришта мегардад.
Мӯҳр