Аз агентии мазкур ба Озодагон иттилоъ доданд, ки зимни ин нишаст натиҷаҳои амалии татбиқи «Барномаи ягонаи пешгирии нашъамандӣ ва муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 – 2012» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бунафша Одинаева, ҷонишини директори Агентӣ дар суханронии муқаддамотии худ ба муҳим будани натиҷаҳои татбиқи барномаи давлатӣ ишора кард ва аз ҷумла қайд намуд, ки дар партави коркарди барномаҳои зиддимухаддиротии давлатӣ Лоиҳаи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар солҳои 2013-2020 пешниҳод шудааст.
Манбаъ мегӯяд, «Барномаи ягонаи пешгирии нашъамандӣ ва муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 – 2012» муддати 5 сол идома дошт: «Имрӯз метавон натиҷаҳои онро хулоса кард ва ҳадафи нишаст таҳлили кори анҷомшуда ва ошкор сохтани мушкилот ва нуқсонеҳое буд, ки дар ҷараёни татбиқи он ба вуҷуд омаданд».
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |