Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як зумра кадрҳои ба вазифаҳои масъул дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот пешниҳодшударо барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз Хадамоти матбуотии саравари давлат иттилоъ доданд, ин кадрҳо асосан ба вазифаҳои роҳбарӣ дар сатҳи раёсатҳои сохторӣ ва шӯъбаҳои шаҳрию ноҳиявии Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии назорати маводи нашъаовар пешниҳод шудаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди онҳо доир ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои коррупсионӣ ва вобаста ба маводи мухаддир вазифаҳои мушаххас гузошт.
Таваҷҷӯҳи хос ҳамчунин ба пешгирӣ аз хариду фурӯши ғайриқонунии замин барои сохтмони манзил зоҳир карда шуд.
Мӯҳр