Торага Кенеш Жээнбеков дар рафти вохӯрӣ сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба таври мусбӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ин сафар барои боло бурдани сатҳи муносибатҳои парлумонии ду кишвар мусоидат хоҳад кард.
Ин дуюмин вохӯрии намояндагони парлумони ду кишвар буда , мулоқоти сеюм дар қаламрави вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Баткени Қирғизистон баргузор мегардад.
Мирганд Шабозов, муовини раиси маҷлиси намояндагони маҷлиси олии Тоҷикистон, ки роҳбарии ҳайатро ба зима дошт, изҳор намуд, ки фаъол гардидани муносибатҳои иқтисодӣ ва савдо миёни Қирғизистону Тоҷикистон аз он гувоҳи медиҳад, ки гардиши мол байни ин ду кишвар боло рафтааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкориҳои энергитикиро матраҳ намуда, изҳор доштаанд, ки робита миёни вилояти Суғди Тоҷикистон ва ноҳияи Лейлискии Баткен беҳтар мегардад.
Гуфта мешавад, ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ин нишаст бо ноиби сарвазири Қирғизистон Т. Сарпашев, вазири корҳои хориҷии ин кишвар Э. Абдилдоев, намояндагони «Ассамблеяи халқи Қирғизистон» ва аъзоёни ҷамъияти тоҷикон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мулоқот намуданд.
Ёдовар мешавем, сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба кишвари Қирғизистон аз 19-уми декабр оғоз гардида, Тоҷикистонро дар ин сафар ҷонишини раиси МН МОҶТ Мирганд Шабозов, раиси Кумитаи ичтимоъ Хайринисо Юсуфӣ, аъзои Кумитаи мудофия , амният Сакйфулло Ғиёев, аъзои Парлумон оид ба қонунгузорӣ ва хифзи ҳуқуқи инсон Турахон Самадов, аъзои Кумитаи илм, маориф ва сиёсати ҷавонон Лутфилло Саидмуродов, аъзои Кумитаи сиёсати аграрӣ ва экологӣ Олимҷон Сафаров, намояндаи ҳолатҳои фавқулода ва сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов намояндагӣ карданд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |