Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ноиби президенти ширкати «Ҳувей»-и ҷумҳурии Мардумии Чин Ами Линро ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои Хадмоти матбуоти райисҷумҳур дар мулоқот масъулини дахлдор аз сохторҳои марбутаи Тоҷикистон низ ширкат карда, дар он ҷанбаҳои техникию молиявии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд. Гуфта мешавад, дар чорчӯби ин лоиҳа дар ҳамаи чорроҳаҳо ва кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе камераҳои наворбардорӣ ва аксгирӣ гузошта мешаванд, то бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ба таври автоматӣ аз тариқи дастгоҳҳои электронӣ назорат карда шавад.
-Тавассути камера ва таҷҳизоти аксбардорӣ натанҳо ҳаракат дар роҳҳо, балки риояи тартиботи ҷамъиятӣ назорат карда мешавад. Бо татбиқи босамари ин лоиҳа, ҳамчунин мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла коррупсия, саҳл гардида, як қадами муҳим дар роҳи гузаштан ба ҳукумати электронӣ гузошта мешавад,-афзуд манбаъ.
Ин лоиҳа бо харҷи 22 миллион доллари амрикоӣ, ки қисмати зиёдаш қарзи имтиёзноки ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути Созмони ҳамкории Шанхай мебошад, дар зарфи 7 моҳ амалӣ гардида, 5 сол мӯҳлати кафолат дорад. Дар доираи ҳамин лоиҳа аз ҷониби ширкати «Ҳуавей» мутахассисони тоҷик барои кор бо ин таҷҳизоти муосири электронӣ омӯзонда мешаванд.Истифодаи босамари ин технология дар роҳҳои шаҳри Душанбе имкон медиҳад, ки хароҷоти лоиҳа дар зарфи 6 сол барзиёд баргардонда шавад.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар сурати босифат ва самарабахш амалӣ шудани лоиҳа ин кор дар шаҳру ноҳияҳои дигар низ амалӣ карда мешавад.
Мӯҳр