Шӯрои ҷавонони Созмони ҳамкории шанхай (СҲШ) ба намояндагони ҷавони кишварҳои аъзои ин созмон семинари омӯзишӣ баргузор намуд.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии кишвар ба Озодагон иттилоъ доданд, чорабинии мазкур дар ҷумҳурии халқии Чин баргузор гардид, ки дар он намояндагони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ширкат доштанд.
Иштирокчиён бо вазъи умумии сиёсӣ ва сиёсатмадорони шинохтаи Чин, созмонҳои ҷавонони ин кишвар ва шеваи кори онҳо бо ҷавонон, сиёсати дипломатии ин мамлакат ва вазъи рушди СҲШ тавассути силсилаи лексияҳо, мулоқот ва чорабиниҳои дигар шинос шуданд.
Гуфта мешавад, дар яке аз мулоқотҳо зикр гардидааст, ки заминаи асосии пешрафти ҳама давлатҳо пеш аз ҳама ба донишу малака ва нерӯи ҷавонон вобаста мебошад.
Инчунин, ҷавонон дар қатори дигар захираҳои таъминкунандаи рушди давлат, ҳамчун захираи муҳими инсонӣ эътироф гардида, нисбат ба дигар табақаҳои ҷомеа бештар фаъолтар мебошанд.
Манбаъ мегӯяд, иштироки намояндагони Тоҷикистон дар чунин чорабиниҳо дар равобити босамари ҳамкориҳо миёни кишварҳои аъзои Шӯрои ҷавонони СҲШ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон заминаи боэътимод хоҳад гузошт.
Мӯҳр