Раиси ҳукумати шаҳри Душанбе дар ҷаласаи солонаи ҷамъбастӣ аз иҷро нашудани бархе аз супоришу қарорҳо таъкид карда, зимнан муовинон ва масъулини ҳукумати пойтахтро интиқод кард.
Номбурда таъкид кард, ки дар сурати дубора иҷро нашудани супоришҳояш онҳоро метавонад аз вазифаҳояшон сабукдӯш гардонад: «Соли дастгирии соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ» мебоист дар асоси барномавӣ бо даъват ва ҷалби потенсиали шахсони воқеию ҳуқуқии ватаниву хориҷӣ ва пеш аз ҳама ҳамватанони бурунмарзӣ як қатор корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ, таъиноти сайёҳию қонеъкунандаи эҳтиёҷоти муштариёнро таъсис ва мавриди истифода қарор медоданд. Аммо аз беташаббусии муовини раиси шаҳри Душанбе Мансуров Ҷ.М. иҷрои ин барнома дар соли равон зери суол қарор дорад. Вақти он расидааст, ки Мансуров Ҷ.М. таъҷилан хулосаи зарурӣ барорад, вагарна ҳуқуқи роҳбарии соҳаро ба зудӣ аз даст хоҳад дод».
Ҳамзамон, бо ишора ба вазъи таъмини обрасонӣ ва лоиҳаҳои марбути об Убайдуллоев иброз дошт, ки мутаассифона, то ба имрӯз фаъолияти муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. ва директори КВД “Обу корези Душанбе” Исупов Ф.А., директорони Маркази танзими Лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе Низомов З.А. ва Маркази идоракунии Лоиҳаи обтаъминкуни шаҳри Душанбе Хушвақтов М. И. талаботи роҳбарияти шаҳрро ба пуррагӣ қаноатбахш карда наметавонанд ва онҳоро зарур аст, ки дар ислоҳи камбудию проблемаҳои мавҷуда масъулияти бештар ҳис намуда, барои рушди соҳа системаи мукаммали роҳбариро тарҳрезию мавриди амал қарор диҳанд.
Мӯҳр