Додситонии шаҳри Кӯлоб нисбат ба 8- тан аз мухлисони дастаи «Равшан» парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ба қавли мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин ашхос дар бетартибиҳои шаби 14-уми июн, пас аз бозии «Равшан»-у «Истиқлол» рухдода гӯё даст доштанд. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии «Озодагон» аз прокатураи вилоятӣ дар гурӯҳу шаҳри навоҳии Кӯлоб иттилоъ доданд. Ба иттилои ғайрирасмӣ, аз ҳамон шаб сар карда то як чанд рӯзи дигар кормандони мақомоти интизомӣ бо истифода аз наворҳои сабт гардида, беш аз 60 нафар сокинони шаҳрро, ки ба мухлисӣ рафта буданду дар бетартибӣ бевосита иштирок карданд, боздошт намуда ба шӯъбаи корҳои дохила оварданд. Баъди тафтишот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ аксари боздоштшудагон озод карда шуданд. Тибқи итилои прократура 5 нафар аз боздоштшудагон бо моддаи 237 кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ) ва 3 тани дигар бо модаи 255, яъне барқасдона расонидани зарар муттаҳам дониста мешаванд. Дар ин маврид тафтишоти пешакӣ ҳанӯз идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, корманди масъули додситонии шаҳри Кӯлоб, ки номаш махфӣ монд гуфт, қазияи бетартибиҳои пас аз футболи рӯзи 14-уми июн зери назорати бевоситаи прократураи генералӣ қарор дошта, нисбати кормандони низомӣ, ки болои мухлисон пакетҳои газӣ партофтаанд низ парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст. {jathumbnail off}
Мӯҳр