Давоми 11 моҳи соли равон аз ҷониби кормандони Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва Бозрасии давлатии автомобилӣ 16 ҳазору 856 ҳолати қонуншикании ронандагони мусофирбар дар шаҳри Душанбе ошкор гардида, нисбаташон чораҳои маъмурӣ андешида шуд.
Ин нуктаро Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе зимни як ҷамъомад иброз дошт.
Номбурда қайд намудааст, ки айни ҳол ба сокинон ва меҳмонони шаҳр чор корхонаи коммуналии воҳиди давлатӣ ва 19 ҷамъиятҳои хусусӣ дар 88 хатсайр хизмат мерасонанд, ки аз он 31 хатсайр ба корхонаҳои коммуналии шаҳр ва 57 хатсайр ба сектори хусусӣ рост меояд.
Дар ин нишаст қайд гардидааст, ки ҳамарӯза дар ин хатсайрҳо ба миқдори то 235 адад автобус, аз 85 то 92 адад троллейбус, 50 то 55 адад микроавтобус аз корхонаҳои коммуналии шаҳр ва зиёда аз 1410 адад воситаи нақлиёти мусофирбар аз сектори хусусӣ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғуланд.
Мӯҳр