Ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ оид ба амалигардонии Барномаи мубориза ба хариду фурӯши одамон дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013 бо иштироки намояндагони як қатор сохторхои дахлдор баргузор гардид.
Аз Кумитаи ҷавонон,варзиш ва саёҳӣ ба Озодагон иттилоъ доданд, ки Мавсума Муинова, роҳбари гурӯҳи корӣ зимни ин ҳамоиш иброз доштааст, ки зиёд намудани чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва сафарҳои корӣ ба минтақаҳо барои пешгирӣ намудани ин зуҳуроти номатлуб-хариду фурӯши одамон мусоидат хоҳад кард.
Гуфта мешавад, гурӯҳи кории мубориза оид ба хариду фурӯши одамон дар поёнии ҷаласа бо назардошти пешниҳоду дархостҳои аъзоёни гурӯҳ нақшаи кории худро барои соли 2013 тасдик намуданд.
Бояд зикр намуд, дар ин нишаст намояндагони Кумитаи амнияти миллӣ, Вазорати тандурустӣ, Вазорати маориф ва Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ширкат намуданд.
Мӯҳр