Аз Вазорати энергетика ва саноат ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар ин давра бензин 141 ҳазору 455 тонна, сӯзишвории дизелӣ 112 ҳазору 973 тонна, сӯзишвории реактивӣ 49 ҳазору 419 тонна, мазут 5 ҳазору 313 тонна, битум 9 ҳазору 816 тонна, равғанҳои молиданӣ 10 ҳазору 199 тонна ва дигар намудҳои маҳсулоти нафтӣ 33 тонна ворид гардидааст.
Гуфта мешавад, чунин ҳаҷми маҳсулоти нафтие, ки ба Тоҷикистон ворид карда шудааст 192 ҳазору 470 тоннааш (58,5%) ба Русия рост меояд.
Аз Туркманистон бошад 59 ҳазору 394 тонна (18,0%), Қирғизистон 41 ҳазору 233 тонна (12,5%), Қазоқистон 12 ҳазору 305 тонна (3,74%), Ӯзбакистон 7 ҳазору 141 тонна (2,17%) нафт ба Тоҷикистон ворид шудааст.
Манбаъ мегӯяд, воридоти нафт аз дигар давлатҳои воридкунандаи ин навъи маҳсулот 16 ҳазору 665 тонна (5,09%)-ро ташкил додааст.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |