Президенти Тоҷикистон дар ҷараёни ин нишаст иброз доштааст, ки кишварҳои аъзои СААД ба мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир бояд бо сохторҳои марбутаи худи Афғонистон ҳамкории босамар ба роҳ монанд ва ба тақвияти онҳо мусоидат намоянд.
Бино ба иттилои маркази матбуотии президенти Тоҷикистон, дар ҳамоиши мазкур таҷрибаи Тоҷикистон дар омодасозии кадрҳо барои сохторҳои қудратии Афғонистон ва мусоидат ба бозсозии иқтисодиёту иҷтимоиёт ва зербинои нақлиётию энергетикии он ибратбахш номида шуд.
Дар ин ҷаласа масоили таҳкиму тақвияти ҳамгироии муштарак дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла дар робита бо авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон баррасӣ гардид.
Гуфта мешавад, таваҷҷуҳи зиёди ҷонибҳо ба роҳҳои пурзӯр намудани амнияти иттилоотӣ дар минтақаи масъулияти СААД зоҳир карда шуд.
Манбаъ мегӯяд, сарони давлатҳои аъзои созмон ба дастгирии Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи тӯлонӣ бо Афғонистон, асосан бо роҳи кумаки имтиёзии ҳарбӣ-техникӣ ба нерӯҳои марзбонӣ ва омодасозии кадрҳои ин соҳа таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |