Бино ба иттилои маркази матбуотии президент, барои иштирок дар ин ҷаласа сарони давлатҳои Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон ва Қазоқистону Қирғизистон ба ҳам омадаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва роҳбарони дигар давлатҳоро дар қасри Кремл Владимир Путин, президенти Русия истиқбол намуд.
Масоили ҳамкории бисёрҷониба миёни ин кишварҳо дар доираи ин созмон нахуст дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо баррасӣ мешаванд.
Гуфта мешавад, баррасии масоили таҳкиму тақвияти ҳамгироии муштарак дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла дар робита бо авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва роҳҳои пурзӯр намудани амнияти иттилоотӣ аз мавзӯъҳои асосии ҳамоиш аст.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |