Тавре ба Озодагон аз дафтари матбуотии МН иттилоъ доданд, вакилон нахуст лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»-ро ба муҳокима гирифтанд.Аз рӯи масъалаи мазкур муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон Шарофиддин Сироҷов баромад намуда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади асоснок ва объективона истифода бурдани тадбирҳои танзими давлатии савдои чакана, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ, бартараф намудани дахолати беасоси мақомоти давлатӣ ба танзими савдои чакана, ҳимояи бозори молу хизматрасониҳои таъиноти истеъмолӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, таъмини интиқоли озоди молҳо ва хизматрасониҳои таъиноташон истеъмолӣ дар қаламрави Тоҷикистон таҳия карда шудааст.
Манбаъ афзуд, санади дигар, ки аз сӯи вакилон баррасӣ гардид, лоиҳаи қонун «Дар бораи тайёрии варзишӣ» буд. Онро вакил Меҳроҷиддин Ҳакимов ва муовини аввали раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Кабир Ҷўраев муаррифӣ карданд. Зимнан, изҳор гардид, ки он бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди оммавӣ намудани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таҳия шудааст. Ҳамчунин, лоиҳаи қонуни мазкур ба таҳкими саломатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи қобилияти ҷисмонии шаҳрвандон равона гардида, барои ташвиқу тарѓиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» - ро бошад, вакилони Маҷлиси намояндагон Насрулло Маҳмудов, Сабоҳат Муқумова ва муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Нурулло Орипов шарҳу тавзеҳ доданд.Зикр гардид, ки амали қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат дошта, дар ақди никоҳ мебошанд ва аъзои оилаи онҳо, ҳамчунин нисбат ба шахсоне, ки бо пешбурди хоҷагии умумӣ якҷоя зиндагӣ мекунанд, татбиқ мегардад.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |