Кэтлин МакДоналд, директори USAID дар Тоҷикистон, (ДДТТ) Саид Қурбонов проректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон инчунин устодон ва донишҷӯёни кафедраи мазкур дар кушодашавии ин марказ иштирок намуданд.
Маркази мазкур аз ҷониби ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» таъсис дода шуд. Марказ барои таҳкими захираҳои таълимии донишгоҳ ва бо истифода аз технологияҳои муосир беҳтар гардонидани пешрафти донишҷӯён ва имконоти гузаронидани тадқиқотҳои фардӣ аз ҷониби онҳо пешбинӣ гардидааст.
Донишгоҳи мазкур таъмири биноро анҷом дода, лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» онро бо китобҳо, мизу курсӣ, таҷҳизоти техникӣ ва Интернет таъмин намуд.
Директори USAID дар Тоҷикистон хонум Кэтлин МакДоналд дар назди ҳозирин суханронӣ карда, аз ҷумла қайд намуд, ки омӯзонидани кадрҳои баландихтисоси кормандони соҳаи тиб тавассути ҷорӣ намудани стандартҳои байналхалқӣ яке аз қадамҳои муҳим дар Тоҷикистон мебошад.
Саид Қурбонов барои кушодашавии маркази мазкур изҳори хушнудӣ намуда афзӯд, ки онҳо аз ҳамкории наздик бо Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» хеле шоданд.
Бояд зикр намуд, маркази захиравӣ имконият медиҳад, ки кафедраи тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ ба омӯзиши кормандони соҳаи тибб боз ҳам бештар мусоидат намояд.
Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» аз тарафи Амрико тавассути USAID анҷом дода мешавад. Аз соли 1992 инҷониб Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстонаи худ барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодииТоҷикистон ба маблағи 1 миллиард доллари ИМА ироа намудааст.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |