Тавре дафтари матбуотии райисҷумҳури ин кишвар ба расонаҳо иттилоъ додааст, бемории президент ҳанӯз мушаххас нашудааст, аммо тибқи ташхиси пешакӣ он «хастагии асаб» унвон мешавад.
Дар ҳоли ҳозир, як гурӯҳ аз мутахассисон вазъияти оқои Толибониро зери назар доранд ва қарор аст дафтари раёсати ҷумҳурии Ироқ дар мавриди вазъи саломатии ӯ эъломияи расмӣ содир кунад. Телевизиони давлатии Ироқ бемории раиси ҷумҳуриро сактаи мағзӣ гузориш кард ва ба гузориши хабаргузории Ассошиэйтед Пресс як мақоми дафтари нахуствазир низ гуфтааст, ки пизишкон дар садади тасбити вазъияти ҷисмии раиси ҷумҳурӣ ҳастанд.
Ҷалол Толибонӣ ҳафтоду нӯҳ сол дорад ва аз раҳбарони ҷангҳои чирикии курдҳои Ироқ алайҳи режими Саддом Ҳусайн, раҳбари собиқи ин кишвар аст, ки дар пайи ҳамлаи эътилофи ба раҳбарии Амрико дар соли 2003 суқут кард.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |