Дар асоси ин санад, хазинаи мазкур ба лоиҳаи "Беморхонаи бисёрсоҳавии шаҳри Данғара" маблағи иловагӣ ҷудо мекунад. Тавре ба Озодагон аз ВКХ-и кишвар иттилоъ доданд, аз ҷониби Тоҷикистон Созишномаро сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов ва аз сӯи Хазинаи ОПЕК мудири кулли он- Сулейман Ал-Ҳербиш имзо намуданд. Мувофиқи созишнома Хазинаи ОПЕК қарзи иловагиро дар ҳаҷми 2,8 млн. доллари ШМА барои таҷҳизонидани беморхонаи бисёрсоҳавии шаҳри Данғара бо лавозимоти ҳозиразамон ҷудо менамояд.
Гуфтанист, лоиҳаи мазкур аз ҷониби Хазинаи ОПЕК дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад ва аллакай барои татбиқи он зиёда аз 5 млн. доллари ШМА ҷудо шудааст.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |