Тавре аз РБДА ба Озодагон иттилоъ доданд, тахминан соати 17-20-и рӯзи гузашта, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай старекс», Баракатулло Юсупови 43-сола ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Ҷаббор Расулов ба тарафи кӯчаи Раҳмон Набиев, дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №16 пиёдагарди 60-65 соларо пахш мекунад, ки дар натиҷа пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегардад.
Дар ноҳияи Ҳисор бошад,сарнишини «Таёта кембри» Фахриддин Ҳотамови 20- сола бе ҳуҷҷати ронандагӣ воситаи нақлиётро идора намуда, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати Сомон дар рӯ ба рӯи боғи «15-солагии Истиқлолият» бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, ба автомашинаи «Мерседес- бенс» (ронандааш Абдухолиқ Муъминови 36- сола) ва дигар автомашинаи «Део сиэло» бармехӯрад, ки дар натиҷа ронандаи автомашинаи «Део сиэло», ки дар канори роҳ меистод бо мусофираш ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона бистарӣ мегарданд.
Манбаъ афзуд, имрӯз дар қаламрави кишвар ҳаво сард аст, бинобар ин, дар қисме аз манотиқи кишвар роҳҳо яхпӯш шудаанд: « Аз ин рӯ аз ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш манамоем, ки суръати ҳаракатро дар роҳ баланд накарда, сиҳату саломат ба манзил расанд».
Маврид ба зикр аст, ки дар қаламрави кишвар аз аввали сол то ба имрӯз 1321 ҳодисаи роҳу садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, бар асари он 422 нафар ба ҳалокат расида, 1457 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |