Хатсайри нави ҳавоӣ Кӯлобро бо Русия мепайвандад.
Шурӯъ аз 27-уми июни соли равон мусофирони кӯлобӣ метавонанд ба яке аз шаҳрҳои бузурги Русия, ё худ пойтахти шимолии ин кишвар, шаҳри Санкт-Петербург парвоз намоянд.Ба иттилои кормандони фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Кӯлоб, ин хатсайри нав ба хотири зиёд будани мусофирон, ба хусус муҳоҷирони меҳнатӣ бо ташаббуси ширкати Ист-Эйр рўйи кор омадааст. Ширкати мазкур, барои мусофирон як тайёраи ҷадиди тамғаи «Аэробус»-ро пешниҳод кардааст. Зимнан, ба иттилои хабарнигори минтақавии хабаргузории «Озодагон», дар оянда низ ин ширкат ният дорад хатсайрҳои нави ҳавоиро ба мамолики хориҷӣ аз фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб ба роҳ монад.
Дар њоли ҳозир аз фурудгоҳи байналмиллалии Кӯлоб ҳар ҳафта садҳо нафар аз мусофирон тавассути 12 тайёра ба шаҳрҳои гуногуни кишвари Русия сафар ба анҷом мерасонанд.
{jathumbnail off}
Мӯҳр