Дар ин росто мақолаҳои олимон ва пажӯҳишгароне аз қабили Пайванди Гулмуродзода, Мустафо Бобохонӣ, Қаҳрамон Сулаймонӣ таҳти унвони «Як парвандаи кӯчак барои устоди бузург» ба нашр расидаанд.
Нигоштаҳои муаллифон бо номҳои «Саъди акбари илм ва фарҳанги тоҷик», «Намоде аз пайванди фарҳанги форсизабонони ҷаҳон», «Муҷоҳиди илми фарҳанг ва адаби тоҷик» рӯи кор омада, саҳфаҳои гуногуни фаъолияти эҷодии академик Шакурӣ ва ёддошту хотираҳои муаллифонро дар бораи ин шахсияти фарҳангӣ дар бар мегирад.
Дар мақолаи «Намоде аз пайванди фарҳанги форсизабонони ҷаҳон», ки ба қалами Мустафо Бобохонӣ таалуқ дорад, гуфта шудааст: «Муҳаммадҷон Шакурӣ аз устодони мусаллами забону адабиёти форсӣ буд ва таҳқиқоти арзандае ҳам дар ҳавзаи адабиёт ва нақди адабӣ, забоншиносиву луғат анҷом додааст».
Ҳамзамон, муаллиф ишора намудааст, ки устод Муҳаммадҷон Шакурӣ барои перостани забони форсии Вароруд аз вожаҳои бегона ва дурустхониву дурустнависӣ дар қолаби навиштани мақола ва суханрониҳо кӯшишҳои зиёде намудааст.
Дар дигар навиштаҳои ин китоб, ки ба шодравон устод Шакурӣ дахл доранд як навъ ҷамъбасти илмии он ҳама фикру андеша, ки давоми зиёда аз ним аср аз тарафи суханшиносон, адибон, мутарҷимон доир ба нуқсонҳои забони матбуот, асарҳои бадеӣ ва тамоми нуқсонҳои забони расонаҳои хабариро аз лиҳози лағви калимасозӣ, услуб бо далелҳои мухталиф собит гардидааст.
Қаҳрамон Сулаймонӣ бошад, дар мақолаи хеш менависад: «Нахустин ошноиям бо вай (Муҳаммадҷон Шакурӣ) бо интишори китоби «Хуросон аст ин ҷо» буд. Гарчанде қабл аз ин, навиштаҳои пароканда аз ӯ хонда будам, аммо нахустин китобе, ки Шакуриро ба ман шиносонд, ҳамин китоб буд».
Силсиланигоштаҳои донишмандони Тоҷикистону Эрон дар «Китоби ҳафта»-и Эрон бори дигар собит месозад, ки устод Муҳаммадҷон Шакурӣ барои ҳамеша дар дилу дида форсизабонони ҷаҳон ҷой дорад.
Муҳаммадҷон Шакурӣ соли 1925 дар шаҳри Бухоро дар оилаи Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, қозикалони аморати Бухоро ва яке аз донишмандони бузург ба дунё омадааст. Устод Шакурӣ 50 китоб ва беш аз 500 мақола дар риштаҳои мухталиф, аз ҷумла адабиётшиносӣ ва таърих, фарҳанг ва забон навиштааст. Ба қавли равшанфикрони тоҷик, устод Шакурӣ яке аз вопасин бузургмардони Бухоро буд, ки дар Душанбе шаҳомати тоҷиконаи Бухорои шарифро нигоҳ медошт. Муҳаммадҷон Шакурӣ яке аз муаллифони пешнависи Қонуни забони давлатии тоҷик дар соли 1989-ум маҳсуб мегардад.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |