-Директори пешини генералии корхонаи «Заря Востока» Абдураҳим Расулов дар содир намудани ҷиноятҳои пешбинишуда мутобиқи моддаҳои 245, қ. 4 (азонихудкунӣ, ё камомад ба миқдори ниҳоят зиёд) ва 323 (сохтакории хизматӣ)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешавад. Ӯ дар азхудкунии ҳудуди 200 ҳазор сомонӣ маблағҳои давлатӣ муттаҳам дониста мешавад, - афзуд судя.
Маврид ба ёдоварист, собиқ вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истиқлол Абдураҳим Расулов дар вазифаҳои муовини нахуствазири ҶТ, муовини раиси вилояти Суғд, муовини раиси шаҳри Чкаловск ва раиси шаҳри Қайроққум низ дар гузашта фаъолият дошт. Аз моҳи марти соли 2004 то замони боздошт вазифаи директори генералии КВД «Заря Востока»-ро иҷро мекард.
Мӯҳр« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |